Тағйирот дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон

Июнь 23, 2014 11:45

Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Дар ҳайати иштирокдорони Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон — 2014, ки дар он дастаи наврасони Тоҷикистон (U- 16) иштирок менамояд, тағйирот ворид гардид.Назар ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чанде пеш хабар дода шуда буд, ки дар ин мусобиқот, ки аз 25 то 29 июн дар шаҳри Остона баргузор мегардад, 8 даста иштирок мекунад. Вале кумитаи тадорукоти мусобиқот ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳайати иштирокдорон ва тақвими вохӯриҳо тағйирот рух додааст. Дастаи мунтахаби Эрон, ки мебоист якҷоя бо дастаи кишвари мо дар гурӯҳи «В» қувваозмоӣ намояд, дар мусобиқот иштирок намекунад. Дастаи Чин ҳам аз иштирок дар ин мусобиқот худдорӣ кардааст. Ба ҳамин тариқ, дар мусобиқот барои дарёфти мукофоти фахрӣ дастаҳои шаш кишвар қувваозмоӣ менамоянд. Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Қазоқистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва дар гурӯҳи «В» дастаҳои Испаниё, Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо ҳам вомехӯранд.Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 24 июн бо дастаи Озарбойҷон ва рӯзи дигар бо футболбозони дастаи мунтахаби Испаниё вомехӯрад.

Июнь 23, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд