Тақдими аробачаҳои маъюбӣ аз ҷониби соҳибкорон

Июнь 18, 2014 10:56

Кӯлоб, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Соҳибкорони шахри Кӯлоб ҷиҳати расонидани кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ашхоси маъюб дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти давлатӣ ба якчанд нафар маъюб, ки имконияти роҳ гаштан надорад, аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуданд, ки боиси хушнудии онҳо гардид. Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони шаҳру ноҳияи Кӯлоб пайваста ба табақаи ниёзманд кумак мерасонанд. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ тӯи хатнаи беш аз 300 нафар атфол ва ҷашни домодию арӯсии 80 ҷуфт гузаронида шуд. Дар Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Кӯлоб ва маркази будубоши рӯзонаи «Парасту» кумак расонида шуд.

Июнь 18, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!