Тақдими китобҳои ройгон ба мактаббачагон

Июнь 6, 2014 11:01

 Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Шурӯъ аз имрӯз бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва ташкилоти ҷамъиятии МТС «Зеркало» дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ китобҳои  бачагонаи адабӣ тақдим мегарданд.
Тавре ки Қурбон Авғонов, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар ин бора иттилоъ дод, имрӯз дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Норак, 10-уми июн дар мактабҳои ноҳияи Варзоб, 12-уми июни соли равон дар макотиби ноҳияи Файзобод китобҳои бачагонаи адабӣ  супорида мешаванд.
Ба иттилои Қурбон Авғонов  баҳри ҷалб намудан ба осори бадеӣ ва китобдӯстии мактаббачагон ба тамоми макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 2 ададӣ китоби ройгон тақдим мегардад.
 

Июнь 6, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад