Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол- 2014 дар Бразилия

Июнь 12, 2014 08:33

Душанбе, 12.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аз 12-уми июн то 13-уми июл дар Бразилия баргузор мешавад.Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудааст, ширкат мекунад. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 13-ум то 27-уми июн барпо мегарданд. Ба плей-офф (қисми 1/8-ниҳоии мусобиқот ) дастаҳое роҳ меёбанд, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро гирифтаанд.Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 28-уми июн то 2-юми июл, бозиҳои ¼-ниҳоӣ — 4, 5 ва 6-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ — 9-10-уми июл доир мешаванд. Бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор хоҳанд шуд.Бозиҳо дар 12 шаҳри Бразилия: Белу-Оризонти, Бразилиа, Куяба, Куритиба, Манаус, Натал, Форталеза, Порту-Алегри, Ресифи, Салвадор, Сан-Паулу ва Рио-де-Жанейро баргузор мешаванд.Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Марио Филю», ки бештар бо номи «Маракана» маълум аст, барпо мегардад. Маҳз соли 1950 дар ин варзишгоҳ бозии ҳалкунандаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия доир шуда будБояд гуфт, ки дар чаҳор мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Амрикои Ҷанубӣ баргузор шуда буд (Уругвай-1930, Бразилия-1950, Чили-1962 ва Аргентина-1958), дастаҳои мунтахаби ин қора ғолиб шудаанд.Бояд гуфт, ки Бразилия панҷумин кишварест, ки пас аз Мексика, Италия, Фаронса ва Олмон барои дувумин бор мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол гардидааст. Ҷоми ҷаҳон аз ин пеш дар Бразилия соли 1950 баргузор шуда буд. Маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзудаааст ва 576 млн долларро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн доллар буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 25 млн доллар ва барои ҷойи севум 22 млн доллар муқаррар шудааст.Дастаи мунтахабе, ки ҷойи чорумро соҳиб мешавад, бо 20 млн доллар сарфароз мегардад. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякниҳоӣ 14 млн долларӣ, даври ҳаштякниҳоӣ — 9 млн долларӣ ва ба тимҳое, ки муборизаро дар даври гурӯҳӣ анҷом медиҳанд, ба ҳар кадом 8 млн долларӣ супурда хоҳад шуд.Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии 20-уми ҷаҳон ҳамаи 8 дастае, ки пештар (аз замони оғози ин мусобиқот) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд – Уругвай (1934, 1950), Италия (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон (1954, 1974, 1990), Бразилия (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Инглистон (1966), Аргентина (1978, 1986), Фаронса (1998) ва Испания (2010) ширкат меварзанд. Ва аммо мунтахаби Босния ва Ҳерсеговина барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунад.Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Хорватия, ки рӯзи 13-уми июн дар Сан-Паулу баргузор мегардад, шурӯъ мешавад.Даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014Тақвими бозиҳо(Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст) 13 июн, ҷумъа 01:00, Бразилия — Хорватия 21:00, Мексика — Камерун 00:00, Испания — Ҳолланд 14 июн, шанбе 03:00, Чили — Австралия 21:00, Колумбия — Юнон 21:00, Уругвай — Коста-Рика 15 июн, якшанбе 03:00, Инглистон — Италия 06:00, Кот-д’Ивуар — Ҷопон 21:00, Швейтсария — Эквадор 00:00, Фаронса — Гондурас 16 июн, душанбе 03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерсеговина 21:00, Олмон — Португалия 00:00, Эрон — Нигерия 17 июн, сешанбе01:00, Гана — ИМА 21:00, Белгия — Алҷазоир 00:00, Бразилия — Мексика 18 июн, чоршанбе03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ 21:00, Австралия — Ҳолланд 00:00, Испания — Чили 19 июн, панҷшанбе01:00, Камерун — Хорватия 21:00, Колумбия — Кот-д’Ивуар 00:00, Уругвай — Инглистон20 июн, ҷумъа03:00, Ҷопон — Юнон21:00, Италия — Коста-Рика 00:00, Швейтсария — Фаронса21 июн, шанбе03:00, Гондурас — Эквадор 21:00, Аргентина — Эрон 00:00, Олмон — Гана 22 июн, якшанбе03:00, Нигерия — Босния ва Герсеговина 21:00, Белгия — Русия 00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир23 июн, душанбе03:00, ИМА — Португалия 21:00, Испания — Австралия 21:00, Ҳолланд — Чили 24 июн, сешанбе 01:00, Камерун — Бразилия 01:00, Хорватия — Мексика 21:00, Италия — Уругвай 21:00, Коста-Рика — Инглистон25 июн, чоршанбе01:00, Юнон — Кот-д’Ивуар 01:00, Ҷопон — Колумбия 21:00, Нигерия — Аргентина 21:00, Босния ва Ҳерсеговина — Эрон 26 июн, панҷшанбе01:00, Эквадор — Фаронса 01:00, Гондурас — Швейтсария 21:00, ИМА — Олмон21:00, Португалия — Гана 27 июн, ҷумъа01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия 01:00, Алҷазоир — Русия 1/8 финалҒолибони гурӯҳҳои даври аввал бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣ мекунанд 28 июн, шанбе21:00, 1A — 2B (49) 29 июн, якшанбе 01:00, 1C — 2D (50) 21:00, 1B — 2A (51) 30 июн, душанбе 01:00, 1D — 2C (52) 21:00, 1E — 2F (53)1 июл, сешанбе 01:00, 1G — 2H (54) 21:00, 1F — 2E (55)2 июл, чоршанбе 01:00, 1H — 2G (56)1/4 финал4 июл, ҷумъа 21:00, W53 — W54 (58)5 июл, шанбе 01:00, W49 — W50 (57) 21:00, W55 — W56 (60)6 июл, якшанбе 01:00, W51 — W52 (59)Полуфиналы 9 июл, чоршанбе 01:00, W57 — W58 (61)10 июл, панҷшанбе 01:00, W59 — W60 (62)Матч за третье место13 июл, якшанбе 01:00, L61 — L62ФИНАЛ13 июл, якшанбе 00:00, W61 — W62

Июнь 12, 2014 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд