Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф

Июнь 17, 2014 14:59

 
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ Алмаз Мустаев ва котиби масъули комиссияи қабули ҳамин донишгоҳ Фиданис Тимерханов 16 июни соли ҷорӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуданд.
Тибқи иттилои Бахтиёри Абдураҳим- котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар вохӯрӣ, ки бо ширкати аъзои Шӯрои олимон баргузор гардид, академик А.Раҳмонов пиромуни боздидаш аз Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон сухан ронда, таълимгоҳи мазкурро яке аз муассисаҳои олии тараққикардаи минтақа унвон кард. Дар такя бар қавли мавсуф, зимни сафари охири ӯ ба Бошқирдистон, ки ҳамагӣ чанд моҳи қабл сурат гирифт, бо Донишгоҳи омӯзгории ин кишвар созишномаҳои гуногунҷанба доир ба ҳамкориҳои судманд ба тасвиб расиданд. 
Алмаз Мустаев, муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М.Акмуллӣ, гуфт, ки ҳадафи омадани онҳо тақвият ва густариши ҳамкориҳо мебошад ва  дар қатори шартномаҳои зиёд, ҳамзамон, созишномаҳое ҳастанд, ки бунёдию аслӣ маҳсуб меёбанд ва шартномаи байни ин ду донишгоҳи омӯзгорӣ маҳз аз қабили ин гуна аснод хоҳад буд.  
Назар ба қавли Алмаз Мустаев донишгоҳи онҳо соли 1967 таъсис ёфта, дорои 11 факулта мебошад. Шумораи муҳассилин ҳудуди 11 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 
Дар мулоқот ҷонибҳо барои табодули таҷрибаи омӯзгорон, қабули муҳассилини якдигар дар зинаҳои бакалавр ва магистратура изҳори омодагӣ карданд. 
 
 

Июнь 17, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!