Таҳкими равиши педагогӣ дар ДДОТ
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маркази амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» 11 июн ифтитоҳ гардид.Тибқи иттилои котиби матбуоти ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим, зимни суханронӣ дар ин маросим ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов иброз намуд, ки лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар амал татбиқ мешавад. Ҳадаф аз иҷрои лоиҳаи мазкур бозомӯзии муаллимони донишгоҳ ва макотиби миёнаи ҷумҳурӣ аст. Дар ин марказ шаклу услуб ва методҳои нави замонавӣ тавассути технологияҳои пешрафтатарини ҷаҳонӣ мавриди таълим қарор мегиранд. Барои иҷрои тарҳи «Таҳкими равиши педагогӣ» як синфхонаи васеи муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ ва як утоқи дигар барои кормандон ихтисос дода шудааст.Дар такя бар қавли ректор, илова бар соатҳои дарсӣ дар ин марказ, ҳамзамон семинару тренингҳо ва ҳамоишҳои гуногуни омӯзишӣ баргузор хоҳанд шуд. Чун замона аз ҳама ҷиҳат тараққӣ кардааст, моро низ лозим мебошад, ки омӯзгоронамонро дар сатҳи ба тақозо мувофиқ омода намоем. Тавре А.Раҳмонов зикр кард, хатмкунандагони курсҳои бозомӯзӣ соҳиби сертификат хоҳанд шуд ва ҳангоми фаъолияти педагогӣ ба онҳо афзалият дода мешавад.Ректор роҳбари лоиҳаи мазкур Дилбар Шарифоваро, ки ҳамзамон мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ аст, дастур дод, то фаъолиятро дар ин самт густурда ва ба таври чашмрас ба роҳ монад.Ёдовар мешавем, ки амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» 14-уми ноябри соли 2013 аз ҷониби ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ва роҳбари созмони байналмилалии ЮНИСЕФ Лайло Моширӣ ба тасвиб расида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






