Таҳкими равиши педагогӣ дар ДДОТ

Июнь 12, 2014 10:57

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маркази амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» 11 июн ифтитоҳ гардид.Тибқи иттилои котиби матбуоти ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим, зимни суханронӣ дар ин маросим ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов иброз намуд, ки лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар амал татбиқ мешавад. Ҳадаф аз иҷрои лоиҳаи мазкур бозомӯзии муаллимони донишгоҳ ва макотиби миёнаи ҷумҳурӣ аст. Дар ин марказ шаклу услуб ва методҳои нави замонавӣ тавассути технологияҳои пешрафтатарини ҷаҳонӣ мавриди таълим қарор мегиранд. Барои иҷрои тарҳи «Таҳкими равиши педагогӣ» як синфхонаи васеи муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ ва як утоқи дигар барои кормандон ихтисос дода шудааст.Дар такя бар қавли ректор, илова бар соатҳои дарсӣ дар ин марказ, ҳамзамон семинару тренингҳо ва ҳамоишҳои гуногуни омӯзишӣ баргузор хоҳанд шуд. Чун замона аз ҳама ҷиҳат тараққӣ кардааст, моро низ лозим мебошад, ки омӯзгоронамонро дар сатҳи ба тақозо мувофиқ омода намоем. Тавре А.Раҳмонов зикр кард, хатмкунандагони курсҳои бозомӯзӣ соҳиби сертификат хоҳанд шуд ва ҳангоми фаъолияти педагогӣ ба онҳо афзалият дода мешавад.Ректор роҳбари лоиҳаи мазкур Дилбар Шарифоваро, ки ҳамзамон мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ аст, дастур дод, то фаъолиятро дар ин самт густурда ва ба таври чашмрас ба роҳ монад.Ёдовар мешавем, ки амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими равиши педагогӣ» 14-уми ноябри соли 2013 аз ҷониби ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ва роҳбари созмони байналмилалии ЮНИСЕФ Лайло Моширӣ ба тасвиб расида буд.

Июнь 12, 2014 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд