Таҷлили 60 — солагии зодрӯзи Шариф Саид

Июнь 4, 2014 13:40

Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва аъзои  он раиси палата Шариф  Саидро  ба  муносибати  60 — солагии  зодрӯзаш  муборакбод  намуданд. 
Дар  номаи  табрикотӣ   гуфта  мешавад, ки  Палатаи  савдо бо  роҳбарии Шариф  Саид  дар  арсаи  ҷаҳон бо  кишварҳои  зиёде  ҳамкорӣ дорад. 
Қобили  зикр  аст, ки  раиси  Палатаи  савдо  бо  мукофотҳои  давлатӣ,  аз ҷумла бо  нишони «Шараф», унвони «Корманди  шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин  бисёр  мукофотҳои  байналмилалӣ  сарфароз  гардидааст.  Мавсуф барои  саъю  кӯшишҳояш  ҷиҳати  рушди  равандҳои  ҳамгироӣ дар  фазои  ИДМ ба  ҳайси раиси Шӯрои   роҳбарони  палатаҳои  савдо  ва  саноати давлатҳои  аъзои  ИДМ бо медали  биринҷии «20 — солагии Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил» мукофотонида  шудааст.
Саҳми Шариф  Саид  ба  рушди  ҳамгироӣ дар  фазои  иқтисодии  АвруОсиё назаррас  аст, ки соли  2009 аз ҷониби  роҳбарияти Конгресси  байналмилалии   саноатчиёну  соҳибкорон бо мукофоти  байналмилалии «Ақли расои миллат» ва  медали тилло сарфароз  шуданаш  аз  ин шаҳодат  медиҳад. Моҳи  августи  соли  2013  Шариф  Саид бо  мукофоти  олӣ — нишони  «Иттиҳод дараҷаи 11» мукофотонида, моҳи  октябри  ҳамон  сол  муовини раиси Шӯрои Конгресси  байналмилалии  саноатчиёну  соҳибкорон  интихоб  гардид. 
Ба туфайли  фаъолияти судманди  Шариф  Саид  дар  вазифаи  раиси Шӯрои кори  СҲШ созмони  мазкур аҳамияти бориз пайдо  намуд. Имрӯз мақсад  аз саъю  кӯшишҳои  Созмони  Ҳамкории  Шанхай  иборат  аз  рушди ҳамкории  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  ва Ҷануби  Шарқӣ, вусъат  бахшидани  сулҳу  суботи минтақа  ва  рушди  судманди бахшҳои  иқтисодиёт, ҳуқуқ  ва  молия  мебошад.
«Имрӯз  бо  роҳбарии  Шариф  Саид бахши  намоишгоҳҳои  Тоҷикистон  умри  дубора  пайдо  мекунад, ки  доир  намудани  беш  аз  200 намоишгоҳу  ярмаркаҳои  байналмилалию  дохилӣ  аз  ин   шаҳодат медиҳанд», —  гуфта  мешавад  дар  номаи  табрикӣ.
 

Июнь 4, 2014 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!