Таҷлили Рӯзи Русия дар ДМИТ
Душанбе, 10.06.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи занони русиягии ҳамватанони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Русия, ки 12 июн ҷашн гирифта мешавад, ҷамъомади бошукуҳ доир гардид. Дар он намояндагони Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, намояндагони ақаллиятҳои миллии маскуни Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷамъомад котиби сеюми Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Ковалёв, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солиев сухан гуфта, дар бораи густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ ва илмиву таълимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро ёдрас шуда, ҳозиринро бо ин рӯз муборакбод намуданд.
Сипас, Сабоҳат Раҳимзода, номзади илмҳои таърих, раиси Иттифоқи занони русиягии ҳамватанони Тоҷикистон дар мавзӯи «Рӯзи Русия – ҷашни озодӣ ва ваҳдати комили русиягиҳо», номзади илмҳои педагогӣ, муовини ректор оид ба тарбияи ДМИТ Лутфия Эшонҷонова дар мавзӯи «Нақши кафедраи забонҳо дар таълим ва нигаҳдошти забони русӣ», Фирӯза Галиева, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши хатмкунандагони мактабҳои олии русӣ дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику рус», Людмила Дрозденко, устоди кафедраи забонҳои тоҷикиву русии донишкада дар мавзӯи «Рушди маънавӣ ва анъанаҳои халқи рус», Зарифа Гусаова, сарвари ҷамъияти осетинҳо «Иристон» дар мавзӯи «Дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси ифтихор ва ватандӯстӣ» баромади пурмуҳтаво ва ҷолиб намуданд.
Дар қисми фарҳангии ин ҷамъомад донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянию тоҷикии Русия, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна бо қироати шеърҳои адибони рус ва иҷрои сурудҳои дилнишин баромади ҷолиб намуданд.
Мавриди зикр аст, ки 7 июн бахшида ба Рӯзи Русия байни ду дастаи донишкада — «Иқтисодчиён» ва «Молиячиён» викторина таҳти унвони «Донандаи беҳтарини таърихи Русия» доир гардид, ки дар он дастаи аввал «Иқтисодчиён» ғолиб дониста шуд. Дар ҷамъомад ин викторина ҷамъбаст гардида, ба ғолибону иштирокчиёни беҳтарини он диплом ва туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






