Таҷлили Рӯзи Русия дар Театри ба номи С. Айнӣ
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко). — 12 июн бахшида ба Рӯзи Русия ва оғози рӯзҳои вилояти Томск дар Тоҷикистон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъомад баргузор шуд.Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Бунафша Одинаева ҳамаи ҳозиронро бо Рӯзи Русия муборакбод карда, зикр намуд, ки дар ҳошияи рӯзҳои вилояти Томск дар ҶТ чандин иқдомоти маърифатию фарҳангӣ роҳандозӣ мешавад. «Олимон, омӯзгорон, намояндагони маъмурияти вилояти Томск ба Тоҷикистон омадаанд. Байни вилояти Томск ва Тоҷикистон муносибатҳои хуби ҳамкорию ҳамфикрӣ барқарор шуданд. Имрӯз садҳо нафар донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Томск таҳсил мекунанд», — гуфт зимни суханрониаш Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов.«Томск шаҳри зебою дилоро буда, аз нигоҳи теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия мақоми сеюмро касб мекунад. Дар вилоят донишҷӯёни 14 кишвари ИДМ ва 25 кишвари хориҷи дур таҳсил мекунанд. Дар ҳошияи ҳамкорӣ ба кишварҳои якдигар сафарҳои нафақат донишҷӯён, балки омӯзгорон ҳам дар назар аст. Ғайр аз ин чанд рӯз пеш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултаи таълими ғоибонаи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Томск кушода шуд», — гуфт намояндаи ҳайати Томск Алексей Пушкаренко.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






