Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Брюссел

Июнь 30, 2014 08:16

Душанбе, 30.06.2014 (АМИТ “Ховар”).- 28 июни соли 2014 дар шаҳри Брюссел дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ба муносибати таҷлили 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон зиёфати бошукуҳ баргузор гардид.Дар чорабинии идона аъзои диаспораи тоҷик дар Белгия, Нидерланд ва Люксембург, намояндагони баландпояи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, марказҳои илмию-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои аврупоӣ, воситаҳои ахбори омма, дӯстони хориҷии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ширкат варзиданд.Дар оғоз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ҳамаи ҳузурдоштагонро бо санаи рамзиву сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, вақте ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, шодбош гуфт. Сафир Р.Солиев таъкид сохт, ки маҳз ба шарофати хираду дурандешии мардуми тоҷик таҳти раҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳусни тафоҳум, якдигарбахшӣ, сулҳ ва оштии миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон ҳукмфармо шуданд. Дипломати тоҷик қайд намуд, ки бинобар ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ кишвар тавонист ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ гузаронад, ниҳодҳои демократӣ ва иқтисоди озоди бозаргониро ҷорӣ намояд, лоиҳаҳои созандаро татбиқ кунад ва ба ҳамин сурат сатҳи беҳбудии аҳолиро мунтазам баланд бардорад. Сафир таваҷҷӯҳи иштирокчиёни чорабиниро ба аҳамияти байналмилалии таҷрибаи дастрасӣ ба ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва имконияти истифодаи он дар бунёди сулҳу ризоият дар минтақаҳои даргири олам ҷалб намуд.Дар суханронии худ Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳамаи ҷамъомадагонро ба ифтихори ҷашни эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ табрику таҳният гуфт. Ӯ дар бораи аҳамияти махсуси натиҷаи созишу ваҳдати бадастомада, ки ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидати фаъол намуд, қайд кард. Вазири маориф ва илми мамлакат ба ҳамватанони худ тазаккур дод, ки ҳар фарди миллати тоҷикро мебояд ба қадри истиқлоли миллӣ, ба қадри сулҳу субот ва оромии ҷомеа расад ва баҳри ҳифзи манфиатҳои миллату давлат кӯшиш намояд. Дар баромадҳои худ намояндагони диаспораи тоҷик дар Белгия, Нидерланд, Люксембург ва дӯстони аврупоии Тоҷикистон аҳамияти сулҳу ризоиятро дар ҷумҳурӣ махсусан қайд намуданд. Онҳо саҳми таърихии Президент кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи таъмини ризоияти миллӣ ва сулҳ дар ҷумҳурӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, татбиқи барномаҳои созандаи иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ карданд. Дар чаҳорчӯби ҷашни ваҳдат Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо донишҷӯёни тоҷик ва тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург як силсила мулоқоту суҳбатҳои ҷолиб доир намуд.Дар рафти чорабинӣ филми яксоатаи “Меъмори сулҳ”, китобу матолиби дахлдор бахшида ба истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъриху фарҳанги Тоҷикистон, инчунин асарҳои рассомони маъруфи мамлакат, ки табиати биҳиштосои сарзамини тоҷик ва рӯзгору фарҳангу санъати мардуми онро ба тасвир меоранд, намоиш дода шуданд. Зимни базми идона ба ҳузурдоштагон зиёфати иборат аз таомҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардид. Чорабинии фараҳбахш ҳамчунин бо рақсу таронаҳои миллии тоҷикӣ оро дода шуд.

Июнь 30, 2014 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд