Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ

Июнь 26, 2014 15:17

Душанбе, 26.06.2014 (АМИТ «Ховар»).-27-уми июн дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ баргузор мешавад. 
Ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маросими кушоиши чорабинӣ рӯзи ҷумъа соати 9:00 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов барпо мегардад. Вай афзуд, ки: “Ин чорабиниро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, маъмурияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоили варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон доир мекунад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои чордаҳумин бор ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи олимпӣ барои бори шашум дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҷлил мегардад. Рӯзи олимпӣ барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Мо ба ин чорабинӣ ба ҷуз хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону мураббиён, доварону мутахассисон ва масъулини соҳа, инчунин, намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷиро даъват кардаем. Дар як ҳамоиш онҳо иди касбиашон — Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзиширо ҷашн мегиранд.”
Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев чорабинӣ бо дави оммавӣ дар майдони бузурги донишкада шурӯъ мешавад. Ширкаткунандагони пойга мувофиқи синнашон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба масофаҳои мухталиф медаванд. Баъдан дар ҳамаи иншооти варзишии донишкада мусобиқот аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш — армспорт (дастхобонӣ), баскетбол, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи варзишӣ, гӯштини миллӣ, дзюдо, тенниси рӯи миз, тӯби дастӣ (гандбол), футболи хурд, чавгонбозӣ ва якҳарбаи шарқӣ баргузор мешавад.
Баъди анҷоми мусобиқот дар ҳар як намуд ба беҳтаринҳо сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин туҳфаҳои хотиравӣ супурда хоҳанд шуд.
 
 

Июнь 26, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!