Табобат ва офиятбахшии нашъамандӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 24.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар дар якҷоягӣ бо созмони ҷумҳуриявии ҷамъиятии СПИД-Фонд Шарқ Ғарб мизи мудаввар оид ба масъалаҳои «Мушкилоти пешгирии ВНМО, табобат ва офиятбахшии нашъамандӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, дар доираи лоиҳаи Норасоиро мукаммал намуда: саломатӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳи озурдаи аҳолӣ бахшида шуд.
Дар ҳамоиш оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҶТ иттилоъ дода шуд. Нақшаҳои ҷорӣ намудани тавсияҳо ба қонунгузории ҶТ дар соҳаи таҳияи ҳуқуқҳои нашъамандон оид ба ҳифзи саломатӣ ва дастгирии иҷтимоӣ баррасӣ гардида, масъалаҳои мушкилоти васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба кумаки махсуси наркологӣ ва дурнамои ҳамгироии хизматрасонӣ оид ба пешгирии ВНМО дар байни истеъмолкунандагони маводи нашъаовари тазриқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






