Тадқиқоти иҷтимоӣ барои ошкор намудани нашъамандон
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовар семинари омӯзишии дурӯза дар мавзӯи Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии истифодаи маводи нашъаовар ва истеъмоли мухаддирот ба нашъамандон ва аъзои оилаи онҳо ба анҷом расид. Семинар аз ҷониби Ҳомид Азизӣ — коршиноси Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена ташкил гардид.
Иштирокчиёни семинар масъалаҳои ҷанбаҳои тадқиқотҳои иҷтимоиро оид ба лоиҳаҳои санҷишӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, омода намудани саволномаҳо, нақшаи гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ оид ба ошкор намудани шахсони нашъаманд, ҳайати синну солӣ ва вазъи иҷтимоии онҳоро муҳокима намуданд.
Дар кори семинар кормандони агентӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, намояндагони созмони ғайриҳукуматии «Спин-плюс», Маркази клиникии наркологӣ иштирок намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






