Тафтиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз истеъмоли шаурма
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – Ҳафтаи гузашта 10 нафар бо аломати заҳролудшавӣ дар шуъбаи бемориҳои сирояткунандаи Маркази тандурустии рақами 7 — и шаҳр ва беморхонаи бемориҳои сирояткунандаи пойтахт бистарӣ шуданд. Дар робита бо ин, Хадамоти санитарию эпидемологии шаҳр ба тафтиши умумии ҳамаи нуқтаҳои савдои шаурмаи шаҳр оғоз намуд.
«Рӯзи шанбеи гузашта кормандони Хадамоти санитарию эпидемиологии пойтахт дар ҷараёни тафтиши ҳодисаҳои вайрон кардани талабҳои санитарию эпидемиологӣ беш аз 20 нуқтаи фурӯши таоми шаурмаро бастанд», — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Хадамоти санитарию эпидемиологии пойтахт Соҳибназар Зоиров.
Ба гуфтаи С.Зоиров, сабаби заҳролудшавии мардум истифодаи маҳсулоти нимтайёр аст.
Мувофиқи суханони шахсони заҳролудшуда, ҳамаи онҳо таоми шаурмаро дар вақтҳои гуногун, вале фақат дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт истеъмол кардаанд.
Хадамоти санитарию эпидемиологии шаҳр меҳмонону сокинони пойтахро даъват менамояд, ки дар мавсими ҳавои гарм аз истеъмоли самбӯса, шаурма, яхмоси фрезерӣ ва таомҳои дигаре, ки дар кӯча бе риояи меъёрҳои санитарӣ тайёр карда мешаванд, худдорӣ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






