Таъиноти кадрӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ

Июнь 19, 2014 11:13

Душанбе, 19.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати соҳибфарҳанги тоҷик ва ба далерию матонат дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ҳидоят намуд.Таъкид гардид, ки масъулияти марзбонони тоҷик пас аз бурун рафтани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки то охири соли 2014 сурат мегирад, дучанд мегардад, зеро таҳдиди хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир метавонад бештар гардад.Ҳамин тариқ Ҳабибулло Сафаров Муовини якуми сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаб Маҳмадалиев Муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка – сардори Раёсати разведка, Муҳамад Ҷафаров Муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ – сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ таъин гардиданд.Ҳамчунин ба вазифаҳои сардори маркази таълимии Пойтахт ва сардорони отрядҳои сарҳадии Регар, Панҷ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Мурғоб, Шаҳритус, Табошар, Дарвоз, Панҷакент, Лангар ва отряди таъиноти махсус кадрҳои дигар таъин карда шуданд.

Июнь 19, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд