Тамдиди қабули дархостҳо ба озмуни лоиҳаҳои тиҷоратии ҷавонон
Душанбе, 5.06.2014.(АМИТ « Ховар») .-Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҷавонони асри нав» қабули дархостҳои лоиҳаҳои тиҷоратии StartUp — ро ба «Озмуни лоиҳаҳои тиҷоратии ҷавонон «Start-Up-Drift» — 2014», ки аз 26 май оғоз гардида, 30 июни соли 2014 анҷом ёфт, идома медиҳад.
Тавре ба АМИТ « Ховар» роҳбари ТҶ «Ҷавонони асри нав» Рустам Тоҳиров иттилоъ дод , озмуни мазкур дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа оид ба таёркунии аввалин ҷавонони бинес — инкубатор ва маркази коворкинги ««Бизнес-Оптимизм» дар шаҳри Душанбе ташкил шудаст.
«Дар чаҳорчӯби озмун 25 лоиҳаи беҳтарини пешбинишудаи StartUp аз рӯи номгӯи зерин тақсим мешавад:
— Беҳтарин лоиҳаи StartUp дар соҳаи интернет — технология ва алоқа;
— Беҳтарин лоиҳаи StartUp дар соҳаи маориф;
— Беҳтарин лоиҳаи StartUp дар соҳаи савдо ва озуқаи ҷамъиятӣ;
— Беҳтарин лоиҳаи StartUp дар соҳаи хизматрасонӣ ва туризм;
— Беҳтарин лоиҳаи StartUp дар қаринаи рушди устувор.
Ҳакамон аз ҳар лоиҳа 5 беҳтарин ғолибони ҳар номгӯйро интихоб мекунанд. Мукофоти асосӣ гузаштани омӯзиши ройгони даста дар бизнес-инкубатори «Бизнес-Оптимизм» ва акселератсияи лоиҳаҳои онҳо мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






