Танини шеъри Фарзона дар Хонаи Турсунзода
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Фардо, 19 июн дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори 80-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзона доир мегардад.
Дар ин маҳфил доираи васеи адибону нависандагон ва ҳаводорони шеъри шоира ширкат меварзанд.
Мавриди зикр аст, ки аввалин маҷмӯаи шеъри Фарзона бо унвони «Тулӯи хандарез» дар соли 1987 чоп шудааст. Устоди бузурги шеър Лоиқ Шералӣ дар сарсухани ин китоб фатвои неке ба ин қаламкаши навоғоз додааст: «Аз машқҳои нахустини шогирдона андаррасидани шоира ба халлоқияти шеър гапи сода нест».
Ҳамчунин, ашъори дигари Фарзона бо номҳои «То бекаронаҳо», «Меъроҷи шабнам», «Шабохуни барқ», «Ояти ишқ», «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» барои дӯстдорони шеъру шоирӣ рӯи чоп омадааст, ки ҳаводорони зиёд доранд.
Ҳарфҳои Фарзона, ки ҳама ниёзи оддӣ ва ормони олии инсони фардост, ба гӯши мустамеъон мерасад ва садояш ҳамеша ба дунболи касе меравад, ба дунболи касе, ки аз бекарона меояд ва дунёи муҳтавои тоза мебахшад, яъне ба ҷустуҷӯи инсони комил.
Ёдрас мекунем, ки ба Фарзона соли 2001 -ум барои хизматҳои шоён дар рушди адабиёти муосир бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон унвони Шоираи халқии Тоҷикистон дода шуд.
Ӯ ҳамзамон дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва ордени «Шараф» мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






