Танзими раванди муҳоҷират дар ВМКБ
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ тибқи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба баргузор намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба наздикӣ дар Литсейи касбии техникии №77 мулоқот баргузор намуд. Ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар мулоқот кормандони Раёсат оид ба тағйироту иловаҳо ва навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, муҳлати бақайдгирӣ дар ФР ва дигар паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбат намуданд.Дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ дар дигар муассисаҳо баргузор шаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






