Тараннуми Ваҳдати миллӣ-ҳамоиш
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори 17-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад Нодир Одилов, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, профессор, узви пайвастаи Академияи улуми педагогӣ ва иҷтимоии Русия, А.Ғафуров мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Т. Камолов, роҳбари дастгоҳи Комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва устодону хатмкунандагон ва волидайни онҳо ширкат варзиданд.
Ректори донишкада Ашӯрбой Солиев зикр намуд, ки ваҳдати миллӣ ин сулҳу дӯстӣ, оштӣ, ягонагӣ ва якпорчагист. Ваҳдат бузургтарин арзиши миллии ҳар давлати соҳибистиқлол аст. Ваҳдат таҷассумгари якпорчагии кишвар ва якдилии сокинони он буда, мавриди қаробати ҳамдигарӣ ва фатҳи қуллаҳои нав, таконбахши азму талошҳои мост. Бо чунин арзиш мо вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, устувории онро дар муҳити хонавода, маҳалла ва ҷои кор нигаҳ дорем.
Дар ҳошияи ин ҷамъомади бошукӯҳ маросими ба хатмкунандагони аълохони донишкада супоридани дипломҳои сурх ба вуқӯъ пайваст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






