Ташаккули бозори меҳнат дар Тоҷикистон
Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар оянда дар ҷумҳурӣ муҳлати аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти асосии умумӣ то ба се сол ва бидуни гирифтани таҳсилоти миёнаи пурраи умумӣ то ба ду сол расонида мешавад. Дар робита ба ин имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» тағйирот ворид намуданд.
Абдусалом Мирзоев -муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва Меҳроҷиддин Ҳакимов-узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон зимни тавзеҳи ин масъала гуфтанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, ки дар маҷлиси ҷамъбастии кишвар зикр гардида буд, ба Парлумон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонун ҷиҳати дастгирии шаҳрвандон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, соҳибкасб намудани онҳо, таъмини бозори дохили кишвар ва хориҷӣ бо кадрҳои коргарии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ таҳия гардидааст.
Зарурати тағйироти мазкур ба лоиҳаи қонун- ин ворид шудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонист. Ҳамзамон дар заминаи ин низоми омӯзиши ягона барои соҳибкасб намудани шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсоли кишвар ташкил шудааст, ки барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатии ғайрирасмии қобили меҳнат ва ташаккули бозори меҳнат мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






