Тасхиргари дилҳо аз байн рафт…

Июнь 14, 2014 10:40

Душанбе, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Расо 35 сол қабл дар ҳамин рӯз тасхиркунандаи дилҳо, сарояндаи хушовози форсизабон, ситораи дурахшони Шарқ Аҳмад Зоҳир ба таври фоҷиавор аз олами ҳастӣ чашм пӯшид. Вале сурудҳои нотакрору дилангези ӯ то ҳанӯз дар қалби ҳазорон мухлисон зиндаву ҷовид мондаанд. 14-уми июни соли 1979, дар фарорасии 33-юмин баҳори умраш афсунгари дилҳо Аҳмад Зоҳир бо олами ҳастӣ падруд гуфт. Агар алҳол ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, имрӯз аллакай ба 68- умин соли умраш қадам мениҳод. Вале афсӯс, ки зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад.Дар ҳар куҷое, ки форсизабонон бошанд, дар Афғонистону Тоҷикистону Эрон, дар Ҳиндустону Покистону Ӯзбекистон ва ҳатто дар Амрикову Аврупо, дар ҳама ҷо ҳанӯз ҳам сурудхои ӯ танинадозанд. Аҳмад Зоҳир афсунгари дили ошиқон аст, дар сурудҳои нотакрори ӯ суханҳои дили озурдаву ранҷури ҳазорон мухлисон ифода гардидаанд.Аҳмад Зоҳир аз ишқ мехонад,Аҳмад Зоҳир аз ҷудойи мехонад,Аҳмад Зоҳир аз ғаму дарду шодӣ мехонад.Аҳмад Зоҳир хатмкардаи яке аз литсейҳои бонуфузи Афғонистон буд. Падараш Сарвазири ҳамондавраи кишвари афғон, орзу мекард, ки писари ягонаи худро дар кишвари Ҳиндустон ба Донишгоҳи тиббӣ дохил намуда, дар симои ӯ табиби дармонбахши беморонро бубинад. Вале писари саропо ҳунар бо суруду оҳангҳои дилнавозаш дармонбахши дили ҳазорон пиру ҷавон гардид.Суруду оҳангҳои Аҳмад Зоҳир — аз ҳунари волои ӯ дарак медиҳанд, зеро ин ситораи нотакрор пайваста дар ҷустуҷӯи оҳангу сурудҳои нав ба нав буд. Қалбаш пуршӯр, нигоҳаш пурнур ва хаёлаш баландпарвоз буд. Дӯстдори шеъру суруди Фурӯғи Фаррухзоди форсизабон буд. Пайдоиши садову суруди Аҳмад Зоҳир дар олами мусиқии форс инқилоби ҳақиқиро ба вуҷуд оварда буд.Тахминан солҳои 70-ум дар Тоҷикистон нахустин сабтҳои аудиоии сурудҳои Аҳмад Зоҳир дар шуури мардуми тоҷик инқилоби фикриро бедор намуд. Тоҷикони шӯравӣ аз шунидани чунин сурудҳои зебову оҳангҳои дилнишин бо забони форсӣ, яъне забони модарии хеш ба ваҷд меомаданд.Тараннумгари ишқу вафо, афсунгари дилҳо Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти классикони бузурги форсу тоҷик Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Румӣ, Ҳилолӣ шеърҳоро ҷудо намуда, бо оҳангҳои омехтаи форсиву ҳиндуву аврупоӣ бо сабку усули нав суруд эҷод менамуд. Аз ин рӯ ин нобиғаи олами мусиқӣ дар байни миллатҳои гуногуни ҷаҳон садҳо ҳазор мухлисони дигарро низ пайдо намуда.Аҳмад Зоҳир дар умри кӯтоҳи худ, дар баробари муваффақияту комёбиҳояш ба чандин азобу шикастҳои зиндагӣ низ рӯ ба рӯ гардидааст. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар ҳамон давра Аҳмад Зоҳирро бо баъзе сабабҳои сиёсӣ ба маҳбас мекашанд. Ҳангоми дар маҳбас буданаш модари ба ҷон баробараш аз ғаму фироқи ҷигарбандаш тарки олами ҳастӣ мекунад.Ҳар сол 14 -уми июн, дар рӯзи зодрӯз ва фавти ин ҳунарманди асил, садҳо ҳазор мухлисон ва наздикону пайвандон дар сари манзилаш, ки дар оромгоҳи «Шуҳадои солеҳин»-и Афғонистон воқеъ аст, ҷамъ омада, рӯҳи марҳумро шод менамоянд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо 14 июн дар зодрӯзу фавти Аҳмад Зоҳир, боз як воқеаи таърихӣ сабт шудааст. Дар ин рӯз духтараш Шабнам ба олами ҳастӣ чашм кушодааст.Худованд ба сарзамини мардуми афғон, ки солҳои тӯлонӣ аз бесарусомониҳои сиёсии баъзе гурӯҳҳо азоби рӯҳӣ мекашанд, фарзанди бузургеро ато намуд, ки ҳарчанд оламро кайҳо падруд гуфтааст, вале сурудҳои дилнавозаш ба қалби мардуми азияткашидааш таскин мебахшанд.сарҳад надорад ва суруди асил ҳатман аз дил ба диле роҳ меёбад. Аҳмад Зоҳир намиранда аст, сурудҳояш ҷовидону садояш нотакрор аст. Ситораи Шарқ, нобиғаи олами мусиқӣ, тараннумгари ишқ, афсунгари қалбҳо, тасхиргару таскинбахши дилҳо- баҳри ӯ чӣ қадар сухани зиёд гӯем ҳам, кам аст. Аҳмад Зоҳир дар дили мухлисон ҷовиду абадӣ ва ҳамеша зинда хоҳад монд.Таҳияи Муқаддас Темурзода

Июнь 14, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд