Ташрифи расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон
Душанбе, 13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 17 то18 июни соли 2014 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.Зимни сафари мазкур баргузории мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар дар доираи васеъ дар назар аст. Аз рӯи натиҷаи ин гуфтушунидҳо интизор меравад чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расида, Изҳороти муштараки матбуотӣ бо намояндагони ВАО доир гардад. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо арзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Инчунин дар назар аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, инчунин аз ҷойҳои таърихии кишвар боздид ба амал орад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






