Татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шарафи шаҳрвандон
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Суди Олии кишвар ҷаласаи Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Суди Олӣ, прокурори генералӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, директори Маркази миллии қонунгузорӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, устодони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ, муовини Академияи ВКД, судяҳои шаҳру навоҳии кишвар ва гарнизони ҳарбӣ иштирок карданд.
Иштирокдорон оид ба лоиҳаи қарорҳои Пленум «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти ифротгароидошта», «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба таъйини намуди муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумгардида», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии ҶТ», «Дар бораи татбиқи қонунгузорӣ оид ба баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ба миён меоянд», «Дар бораи аз ҷониби судяҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ» маърӯза намуданд.
Лоиҳаҳои қарорҳои Пленум аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокима қарор гирифта, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






