Татбиқи барномаҳои миллӣ ба воситаи ВАО

Июнь 24, 2014 16:16

Душанбе, 24.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии самараноки ҳамоҳангсозии миллии кумаки берунӣ ва мониторинги  барномаҳои миллӣ»  бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки 70 намояндаи васоити ахбори омма дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.
        Мақсади асосии семинарҳои омӯзишӣ шиносоии хабарнигорон бо  хуҷҷатҳои стратегии кишвар ва баланд бардоштани донишҳои иқтисодии онҳо мебошад. 
       Ҳамчунин огоҳии мардум доир ба «Стратегияи миллии рушд», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум барои солҳои 2013-2015» ва «Барномаи рушд дар сатҳи маҳал тавассути ВАО» аз мақсадҳои дигари ин семинарҳо мебошад.
      Бояд гуфт, ки дар сурати фаъол будани хабарнигорон дар ин самт  алоқаи тарафайни аҳолӣ ва масъулин дар амалисозии барномаҳои миллӣ беҳтар мегардад.
Тибқи нақша 23 июни соли ҷорӣ чунин як семинари омӯзишӣ барои намояндагони ВАО-и маҳаллии ноҳияҳои водии Рашт баргузор гардид.
 

Июнь 24, 2014 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад