Таваҷҷуҳи махсус ба ҷамъоварии ғалла ва кишти такрорӣ
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, баҳри оқилона истифода намудани замин ва аз як замин рӯёнидани ду ҳосил, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ фармоиши вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014 ба имзо расид. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, тибқи фармоиши мазкур ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар таъсис дода шуд. Сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки барои сари вақт ҷамъовари намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва дар муҳлати муайяншуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба анҷом расонидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ситодҳо таъсис дода, чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои вазорат вазифадор карда шуданд, ки дар мавсими ҷамоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва кишти такрорӣ баҳри кумак ба кишоварзон аз истифодаи техникаҳои ғалладарав, мошинҳои ғаллатозакунӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, анборҳои ғалланигоҳдорӣ, риояи қоидаҳои зидди сухтор тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорат, бозрасии давлатии тухмӣ, КВД «Навъҳои тухми сабзавоти Тоҷикистон» ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд, ки китъаҳои замини барои парвариш ва истеҳсоли тухмӣ пешниҳодшударо таҳти назорати доимӣ қарор дода, таваҷҷуҳи хоҷагиҳои тухмипарвариро ба талаботҳои захира намудани тухмии хушсифат, безараргардонии он аз касалию ҳашаротҳо ҷалб намоянд ва барои сари вақт, бо сифати баланд гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба хоҷагидорон ёрии амалӣ расонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






