Театри «Аҳорун» соҳиби бинои худ шуд
Душанбе, 21.06.2014. (АМИТ «Ховар»)-Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, вале бо сифати дигар. Акнун ин бинои театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба оғози фаъолияти дубораи ин бино бо сифати нав оғози расмӣ бахшид.
Тавре маълум аст, бинои кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе солҳои зиёд бекор хобида, ба ҳолати ногувор омада буд. Умри дубора пайдо намудан ва ба театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун туҳфа шудани он боиси шоди нишот ва сипосу қадрдонии аҳли эҷоди ин коллективи овозадор гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намояндагони сершумори аҳли фарҳанг ва зиёиёни кишварро, ки ба ин муносибат дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва ҳам бо арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки саҳми эҷодкорони театри Аҳорун минбаъд дар тарбияи завқу салиқаи баланди мардуми фарҳангдӯсти мо бештару беҳтар мегардад.
Санъаткорони театри Аҳорун порчаеро аз намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” пешкаш намуда, ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшиданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки аксари кулли коллективи 80-нафараи ин театрро ҷавонон ташкил медиҳанд басо хушҳол гардида, изҳори боварӣ намуд, дастовардҳои аҳли ҳунару фарҳанги тоҷик бо таълиму тарбияи насли нави ояндасоз аз гузаштаю имрӯза дида намоёнтар мешавад. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки барои боз ҳам ободу зебо ва ба тамоми талаботи театрӣ мутобиқ намудани ин бино ба роҳбарияти он кумак мерасонад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






