Тоҷикистон доруҳои зидди бемории силро худ харидорӣ мекунад
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — «Дар Тоҷикистон чор сол боз аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ овардану паҳн кардани доруҳои зидди бемории сил манъ шудааст. Мо сар аз соли 2016 иҷрои ин вазифаро ба ӯҳдаи худ гирифтанием», — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирии бемории сил Ӯктам Бобохоҷаев.
Мувофиқи суханони мавсуф, ҳоло Тоҷикистон дар мавриди ба кишвар овардани доруҳои зидди бемории сил ягон душворие надорад. Аз ҳисоби Бунёди ҷаҳонӣ барои 814 нафар беморони вазнини сил ва 6 ҳазор нафар беморони вазъашон начандон душвор дору оварда, тавассути Марказ дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ба таври ройгон дастраси ҳар бемор карда мешавад.
«Мо ба туфайли манъи овардан ва бидуни назорат паҳн кардани доруҳои зидди бемории сил тайи якчанд сол ба коҳиш ёфтани ин беморӣ муваффақ гардидем, зеро беморон доруро фақат бо фармудаи духтур ва таҳти назорати қатъӣ истифода мекунанд», — гуфт Ӯктам Бобохоҷаев.
Мувофиқи суханони номбурда, дар натиҷаи ин чорабинӣ имрӯз дар кишвар 88 фоизи беморони мубталои сил шифо меёбанд. Табибон то соли 2015 ин нишондодро дар ҳошияи Барномаи миллии муборизаи зидди бемории сил ба 90 фоиз расониданианд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






