Тоҷикистон-Лаҳистон: муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Лаҳистонро Анҷай Дих-муовини вазири иқтисоди ин кишвар ва ҷониби Тоҷикистонро Умед Давлатзод-муовини вазири рушди иқтисод ва савдо роҳбарӣ карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи бештар ба масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дода шуд.
Муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, сохтмони инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук, кори бонкӣ ва суғурта аз мавзӯъҳои дигари гуфтушунидҳо буд.
Мавриди зикр аст, ки сатҳи ноустувори гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон ба назар мерасад. Агар дар соли 2012 он ҳамагӣ 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, дар соли 2013 ин нишондод рў ба коҳиш ниҳода 4,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар доираи баргузории ин ҷаласа 6 июн бо иштироки васеи соҳибкорони ҳарду ҷониб Бизнес-Форум баргузор мегардад, ки дар он имкониятҳои сармоягузории тарафҳо муаррифӣ хоҳанд шуд.
Дар интиҳои ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ санади дахлдор ба имзо расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






