Тоҷикистону Латвия: Таҳкими муносиботи мавриди эҳтимоми муштарак
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 9 то 11 июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Зимни сафари мазкур мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Латвия Адрис Берзинш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар дар доираи васеъ дар назар аст. Аз рӯи натиҷаи ин гуфтушунидҳо интизор меравад чанд санади ҳамкорӣ имзо шуда, Изҳороти муштараки матбуотӣ бо намояндагони ВАО доир гардад. Пас аз он бо арзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи И. Сомонӣ гулчанбар мегузорад.
Дар чорчӯби ин сафар «Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Латвия» баргузор мегардад, ки дар маросими расмии ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок менамоянд.
Инчунин дар назар аст, ки Андрис Берзинш бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан кунад.
Зимни ин сафари расмӣ мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш бо шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия соли 1992 барқарор шудаанд.
Заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Латвия аз 8 ҳуҷҷатҳои байнмҳукуматӣ иборат аст: Баёнияи муштараки Президентони Тоҷикистону Латвия; Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии худдорӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ; Протоколи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба 8-9 феврали 2009 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия баргузор гардид. Дар доираи сафар ҷонибҳо якчанд санадҳоро имзо карданд. Санаҳои 11-14 июли 2009 бошад, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар натиҷаи сафар якчанд ҳуҷҷатҳои дутарафа ба имзо расиданд.
Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ 20-21 ноябри соли 2013 барпо гардид. Ҳаҷми гардиши моли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Латвия дар соли 2008 29 742 ҳазор доллари ИМА (содирот- 919,7 ҳазор доллари ИМА, воридот-19 427,1 ҳазор доллари ИМА) -ро ташкил дод. Дар 9 моҳи аввали 2013 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 20347,5 ҳазор доллар расидааст.
Ҷониби Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқӯи Сарвари Ҷумҳурии Латвия интизори таҳкими робитаҳои мавҷуда мебошад, ки ба алоқаҳои дӯстона, якдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, инчунин рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак таъмин менамоянд. Сафари мазкур ба густариши муносибатҳои ду кишвар такони нав хоҳад дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






