Тоҷикон дар Маскав Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд

Июнь 24, 2014 13:58

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова). – 27  июн  дар толори  киноконсертии «МИР» — и  шаҳри  Маскав   ба  ифтихори иди  давлатӣ – Рӯзи  ваҳдат ва истиқрори  миллии  Тоҷикистон  консерти  идонаи «Хонаат обод бод, Тоҷикистон!» баргузор  мегардад.  Ин  чорабинӣ бо  ибтикори маркази васоити  ахбори оммаи  TaJinfo – и тоҷикон роҳандозӣ  мешавад. Дар  ин  бора роҳбари  маркази  мазкур  Ғуфрон  Ваҳобов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар   дод. 
Дар  ҳошияи  чорабинӣ  филми  мустанад  дар  бораи таърихи  гуфтушуниди тоҷикон,   раванди  истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти  миллӣ  дар  Тоҷикистон  намоиш  дода,  ситораҳои  эстрадаи  тоҷик   аз  қабили  Ҷонибек  Муродов, Ҳасан  Ҳайдар, дастаи карначиёни  «Садои  Хуҷанд» ва  гурӯҳи «Ғарибон»  ҳунарнамоӣ  мекунанд. 
Ба  чорабинӣ  намояндагони  расмии  мақомоти  ҳокимияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Маскав, ҷамоаи  тоҷикон,  донишҷӯёни тоҷикистонии  муқими  Русия  даъват  шудаанд.
Консерти  идона  дар толори  киноконсертии «МИР» баргузор  мегардад, ки  ин  рамзовар  аст. Қобили  зикр  аст, ки  27 июни  1997  дар  шаҳри  Маскав «Созишномаи  умумӣ  дар  бораи истиқрори   сулҳу  ризоияти  миллии  Тоҷикистон»  имзо шуда буд, ки Федератсияи  Русия  ҳам  аз  ҷумлаи  «Дӯстони Тоҷикистон» кафолати онро  ба  ӯҳда дошта буд», —  қайд  намуд Ғуфрон  Ваҳобов. 

Июнь 24, 2014 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!