«Тоҷикстандарт»: Бозори истеъмолӣ зери ҳимоя аст
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳангоми гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаронидани ташхис маълум гардид, ки миқдори 23 200 кг маҳсулоти қимаи гўшти мурғ, ки аз ҷониби соҳибкор Нарзиев Ш. аз ҷумҳурии Туркия ворид шуда буд, ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгў нест ва бо иштироки комиссияи дахлдор миқдори маҳсулоти номбурда дар партовгоҳ нобуд шуд. Аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар самти ҳамкорӣ бо Прокуратураи ш.Душанбе низ дар нуқтаҳои фурўши бозори «Фаровон» ва Маркази савдои “Садбарг” миқдори зиёди қандчаҳо (180 кг)-и истеҳсоли Ҷумҳурии Чин, ки дар натиҷаи ташхис ғайристандартӣ ҳисобида шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар айни замон тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нисбат ба фурўшандагон ва нобудсозии маҳсулоти номбурда тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар асоси дархости Агентии хоҷагии ҷангал дар натиҷаи ташхис маълум гардид, ки 20 623 кг зардолуи хушки хоҷагии мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгў нест ва аз ин миқдори маҳсулот 18 400 кг нобуд карда шуда, боқимондаи маҳсулот сарчин гардида, барои коркарди дубора равона шуд.
Ҳамзамон дар раванди амалиёти муштарак бо намояндагони Раёсати тафтишотии ВКД дар шаҳри Душанбе намунаи 56 040 дона зарфи шишагии дорои оби ҷав бо тамғаи “Балтика- 3”, ки ба соҳибкор Шарифов М. тааллуқ дошт, барои ташхис пешниҳод шуда, дар натиҷаи маълум гардид, ки муҳлати истеъмолии ин маҳсулот гузаштааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






