Тренинг барои кормандони студияҳои телевизионӣ

Июнь 4, 2014 14:25

Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии  Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон  гузаронидани тренингҳои омӯзиширо дар доираи  лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» идома медиҳад. Ҳадафи асосии ин лоиҳа бартараф намудани мушкилоти  норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» иттилоъ доданд, тренинги навбатӣ аз 2 то 6 июни соли равон идома ёфта, он ба такмили дониши гурӯҳи  мутахассисони  технологияҳои истеҳсоли телевизионӣ, яъне коргардонҳо, муҳаррирон, наворбардорони студия, коргардонҳои садо, равшанидиҳандагон ва танзимгарон равона шудааст. Ин давраи омӯзишӣ дар базаи  Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» давом дорад.        
Қисмати бештари тренинг аз дарсҳои амалӣ иборат буда, дар доираи он иштирокчиён жанрҳои барномаҳои студиявии телевизионӣ, сохтани сенария, драматургияи барнома, композитсия ва танзими барномаҳоро меомӯзанд. Инчунин бо сабти барномаҳо аз тариқи чор камера ва аҳамияти интихоби дурусти ранг, мусиқӣ ва равшанӣ шинос мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки  мавзӯи тренинг «Банақшагирӣ ва истеҳсоли барномаи студиявии телевизионӣ» буда, ба он зиёда аз 30 нафар корманди студияҳои телевизионӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷалб гардидааст.

Июнь 4, 2014 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!