Туҳфаи ТИКА ба кӯдакони имконияташон маҳдуд

Июнь 3, 2014 09:13

Душанбе,3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша баҳри кӯдакони марказ чорабинии фароғатию фарҳангӣ доир гардид. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, дар он барои кудакон  дастархони идона ороста, ҳаваскорони ҷавон ҳунарнамои намуданд. Инчунин  байни кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар айни замон дар ин марказ табобат мегиранд, маҳфили адабӣ  баргузор гардид. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобоҳоҷиева ва муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат М. Табарова кӯдакон ва волидайни онҳоро ба муносибати ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон табрик намуданд. Дар ин чорабинӣ инчунин намояндагони ташкилотҳои мададрасони хориҷӣ, аз  ҷумла сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, сафири Туркия дар Тоҷикистон Озҷан Гултекин, намояндагони ташкилоти Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия дар Тоҷикистон ТИКА, намояндагони Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 
Баъдан бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои марказ бинои дуюм кушода шуд. Инчунин дар ин рӯз аз тарафи Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия дар Тоҷикистон (ТИКА) ба кӯдакони марказ як нақлиёти мусофиркаш ба маблағи 23 000 доллари ИМА, 30 кат бо бистар ва 2 кондитсионери калон ба маблағи 53 000 сомонӣ, аз тарафи намояндагони Асосиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон бошад, воситаҳои ёрирасон туҳфа гардиданд.
 
 

Июнь 3, 2014 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст