Туҳфаи ТИКА ба кӯдакони имконияташон маҳдуд
Душанбе,3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша баҳри кӯдакони марказ чорабинии фароғатию фарҳангӣ доир гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, дар он барои кудакон дастархони идона ороста, ҳаваскорони ҷавон ҳунарнамои намуданд. Инчунин байни кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар айни замон дар ин марказ табобат мегиранд, маҳфили адабӣ баргузор гардид. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобоҳоҷиева ва муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат М. Табарова кӯдакон ва волидайни онҳоро ба муносибати ҷашни Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон табрик намуданд. Дар ин чорабинӣ инчунин намояндагони ташкилотҳои мададрасони хориҷӣ, аз ҷумла сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, сафири Туркия дар Тоҷикистон Озҷан Гултекин, намояндагони ташкилоти Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия дар Тоҷикистон ТИКА, намояндагони Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Баъдан бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои марказ бинои дуюм кушода шуд. Инчунин дар ин рӯз аз тарафи Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия дар Тоҷикистон (ТИКА) ба кӯдакони марказ як нақлиёти мусофиркаш ба маблағи 23 000 доллари ИМА, 30 кат бо бистар ва 2 кондитсионери калон ба маблағи 53 000 сомонӣ, аз тарафи намояндагони Асосиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон бошад, воситаҳои ёрирасон туҳфа гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






