Ваҳдат-Санкт-Петербург: Риштаҳои дӯстӣ барқарор мешаванд
Душанбе, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории ҳайати гурӯҳ аз 29 май то 2 июни соли равон таҳти роҳбарии раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ Амир ба шаҳри Санкт-Петербург анҷом ёфт. Дар ҳайати гурӯҳ намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, адибону рӯзноманигорон, соҳибкорон ва ҳунармандон шомил буданд. Ҳадаф аз сафари ҳайати гурӯҳ ҷалби соҳибкорон ҷиҳати таъсис ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли консерва, коркарди шир, бунёди биноҳои баландошёна ва дар маҷмӯъ анҷом додани ободкорию созандагӣ дар шаҳри Ваҳдат маҳсуб меёфт.
Тибқи барномаи тарҳрезишуда ҳайати гурӯҳ бо зиёда аз сад нафар соҳибкори тоҷик, аз ҷумла, соҳибкорони шаҳри Ваҳдат, ки дар шаҳри Санкт-Петербург фаъолият доранд, дар якҷоягӣ ва дар алоҳидагӣ вохӯриҳои судманд баргузор гардид. Дар мулоқот Амирзода Р.А. оид ба имкониятҳои мавҷуда, кумаку дастгириҳо ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Бист нафар соҳибкори ваҳдатӣ омодагии худро ҷиҳати дар шаҳри Ваҳдат бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли консерва, меваю сабзавот, сохтмони биноҳои баландошёна баён дошта, рӯзҳои наздик ба шаҳри Ваҳдат меоянд.
Ҳамчунин Бизнес-форум бо иштироки роҳбарони ширкатҳои хусусии шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Дар мулоқоти мазкур байни соҳибкорон ва ширкатҳои хусусии шаҳри Санкт-Петербург ва роҳбарони ширкатҳои «Ёқут-2000», ҶДММ «Рӯзафзун» ва ширкати «Комил-2010» дар самтҳои кишоварзӣ, сохтмонӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонии коммуналӣ, гармидиҳӣ, коркарди партов ва дӯхти либосҳои кӯдакона таваҷҷуҳ зоҳир гардида, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, байни роҳбари ширкати «Ёқут-2000» ва соҳибкори шаҳри Санкт-Петербург Руслан Марк мувофиқа ба даст омад ва ҳар моҳ барои дӯхтани 100 ҳазор либоси кӯдакона фармоиш қабул карда шуд.
Дар доираи сафар вохӯриҳои алоҳидаи раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Р.А. бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён, роҳбарони ҷамъияту созмонҳое, ки дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби тоҷикон таъсис шудаанд, баргузор гардид. Дар вохӯриҳо перомуни сиёсати кунунии пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастоварду муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла, дар шаҳри Ваҳдат пайдо гардидани ҷойҳои зиёди корӣ сухан ронда, баҳри ба бунёдкорию созандагӣ сафарбар сохтани ҳамватанонамон андешаҳои ҷолиб баён гардиданд.
Инчунин мулоқотҳои алоҳида бо намояндагони маъмуриятҳои вилоят ва шаҳри Санкт-Петербург доир гардиданд. Аз ҷумла, таҳти роҳбарии Минин Андрей Юревич-раиси Кумита оид ба муносибатҳои хориҷӣ, ки дар он роҳбарони Кумита оид ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумита оид ба муҳофизати табиат, Кумита оид ба соҳаи кишоварзӣ ва моҳидорӣ, Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони вилояти Ленинград ҳузур доштанд. баргузор гардид. Дар мулоқот Амирзода Р.А. оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, сайёҳӣ, шикор ибрози назар кард. Намояндагони Санкт-Петербург пешниҳодҳоро хуш пазируфта, барои ҳамкориҳои дуҷониба омодагии хешро изҳор доштанд.
Дар мулоқоти маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муносибатҳои хориҷии шаҳри Санкт-Петербург Григорев Евгений Дмитриевич, ки дар он роҳбарони кумитаҳо оид ба рушди сайёҳӣ, рушди соҳибкорӣ ва бозори истеъмолӣ, сохтмонӣ ҳузур доштанд, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки моҳи октябри соли равон Рӯзҳои адабиёт ва санъати шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе доир мегарданд. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ соҳибкорони шаҳри Санкт-Петербург барои боздид ба шаҳри Ваҳдат меоянд.
Вохӯрӣ бо сардори Раёсат ва муовини Хадамоти федералии муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Дар вохӯрӣ оид ба мушкилоти муҳоҷирин изҳори назар карда, пешниҳод гардид, ки барои расонидани кумаки амалӣ ба муҳоҷирин мусоидат намоянд.
Дар вохӯрӣ бо масъулини Хадамоти федералии муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Санкт-Петербург маълум гардид, ки муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург зиёда аз 30 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ҷиҳати шумора дар ҷойи сеюм қарор доранд. Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳарчанд аксари онҳо кормандони поквиҷдонанд, лекин миёнашон шахсоне низ ҳастанд, ки бо сабаби маълумот надоштан қоидаҳои будубошро дар Федератсияи Русия риоя намекунанд. Танҳо соли равон бо ин сабаб аз шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград зиёда аз 500 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуд.
Дар айни замон дар нуқтаҳои нигоҳдошти муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ 70 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Дар рӯзҳои сафари корӣ ҳайати гурӯҳ аз ширкати сохтмонии «Леонтиевский Мисс», ки дар он шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фаъолият менамояд, дидан кард.
Ҳамзамон Амирзода Р.А. як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асари лату кӯб дар беморхона бистарӣ буд, аёдат кард.
Рӯзҳои сафар бо иштироки ҳунармандони ҳайати гурӯҳ дар се мавзеъ, аз ҷумла дар Қасри фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург бо иштироки беш аз 600 нафар донишҷӯёну намояндагони ҷамъиятҳои шаҳри Санкт-Петербург дар ҶСК «Сабина» бо иштироки беш аз 1000 нафар муҳоҷир ва беш аз 300 нафар соҳибкор барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳои пурмуҳтаво ҳамдиёрони муҳоҷир, тоҷикони муқими шаҳри Санкт-Петербург ширкат варзиданд.
Дар вохӯриҳо ҳамчунин мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Т. Юнусов, намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ А. Одинаев ва консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград М. Мирзозода ширкат доштанд.
Исломи Ниёз,
Ваҳдат-Санкт-Петербург