Ваҳдати миллӣ — пойдевори ҳастии миллат
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — пойдевори ҳастии миллат» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс раиси кумиҷроияи вилоятӣ Сарфароз Юнусов гуфт, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф истода, аз муқаддастарин ва бузургтарин ҷашнвораҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, бузургию шаҳомати он моро водор менамояд, ки шукргузорӣ аз ин неъмати безавол карда, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар барномаи конфронси илмӣ-амалӣ ду маърӯза — яке аз тарафи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Сухани халқ», номзади илми филология Тоҷибой Келдиёров дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон — поягузори сулҳу ваҳдат» ва дигаре аз тарафи мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ Киромиддин Мухторов дар мавзӯи «Имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — падидаи нодири сулҳи тоҷикон» шунида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






