Ваҳдати миллӣ-заминаи устувори рушд
Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Ба ифтихори 17-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегӣ 20 июн дар Душанбе конфронси илмии «Ҷойгоҳи ваҳдати миллӣ дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои масъалаҳои ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ- заминаи рушди устувори кишвар, Ваҳдати миллӣ:андешаҳо ва мабдаъҳо, арзёбии вазъи минтақа ва масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши он дар бунёди давлатдории миллӣ дар Тоҷикисон, тақвияти ғояи ваҳдати миллӣ дар байни насли ҷавон ва дурнамои он маърузаҳо шунида шуданд.
Дар конфронс зикр шуд, ки Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллӣ аз аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






