Вахдати миллӣ-бузургтарин дастовард
Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саҳми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олии кишвар ва хабарнигорони ВАО иштирок намуданд.
Муовини сардори Хадамоти гумрук генерал-майори хадамоти гумрук Нуриддин Маҳмадов дар мавзӯи самтҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар даврони Ваҳдати миллӣ сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки бузургтарин дороӣ ва дастоварди миллати тоҷик дар даҳсолаи охири асри 20 сулҳ ва ризояти миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, омили муҳими першафт ва инкишофи давлату давлатдории миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.
Зикр шуд, ки ҳамаи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакатамон тайи 17- соли Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






