Ваколатҳои кадом субъектҳои хоҷагидор қатъ мешаванд?

Июнь 13, 2014 11:09

Душанбе,13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе бо субъектҳои хоҷагидор мулоқоти муштараки машваратӣ баргузор намуданд.  «Мақсад аз баргузории чунин мулоқот баррасӣ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Имрӯз, мо кӯшиш менамоем сабабҳое, ки ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидори ба интиқол ва ҷалби қувваи корӣ машғуланд, халал мерасонанд, ошкор намоем»,- гуфт сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев. Абдуллои Қодирӣ, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ин хадамот афзуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 41 субъкти хоҷагидор ба интиқоли муҳоҷирон ба хориҷа ва бархе ба ҷалби қувваи корӣ машғуланд. Танҳо 8 адад аз ин субъктҳо пайваста ба интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа машғул ҳастанду халос. Дар вохӯрии имрӯза, аз ҷумла ҳадаф ва максадҳои асосии субъктҳои хоҷагидор баррасӣ гардида, ваколатҳои барх аз онҳо катъ мегарданд. Дар рафти мулоқот санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ мегардад.

Июнь 13, 2014 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?