Ваколатҳои кадом субъектҳои хоҷагидор қатъ мешаванд?
Душанбе,13.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе бо субъектҳои хоҷагидор мулоқоти муштараки машваратӣ баргузор намуданд. «Мақсад аз баргузории чунин мулоқот баррасӣ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Имрӯз, мо кӯшиш менамоем сабабҳое, ки ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидори ба интиқол ва ҷалби қувваи корӣ машғуланд, халал мерасонанд, ошкор намоем»,- гуфт сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев. Абдуллои Қодирӣ, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ин хадамот афзуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 41 субъкти хоҷагидор ба интиқоли муҳоҷирон ба хориҷа ва бархе ба ҷалби қувваи корӣ машғуланд. Танҳо 8 адад аз ин субъктҳо пайваста ба интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа машғул ҳастанду халос. Дар вохӯрии имрӯза, аз ҷумла ҳадаф ва максадҳои асосии субъктҳои хоҷагидор баррасӣ гардида, ваколатҳои барх аз онҳо катъ мегарданд. Дар рафти мулоқот санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






