Ваксинатсия бар зидди бемории зардпарвини вируси намуди А
Душанбе,10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемории зардпарвини вирусии намуди А ва ба эътидол овардани вазъи эпидемиологии ин беморӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 9 то 14-уми июн дар байни кӯдакони аз синни 3 то 17 солаи хона-кӯдакистонҳо ва мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ваксинатсия (эмкунӣ) гузаронида мешавад.Тавре ки роҳбари Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ Холмаҳмад Назаров иттилоъ дод, ваксинатсия бо максади пешгирии гепатити вируси А байни кӯдакон гузаронида мешавад. «Ваксинатсия кӯдакони хона- кӯдакистонҳо ва мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ -ро фаро хоҳад гирифт. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ин максад 4 ҳазор воҳа доруи истеҳсоли Русияро харидорӣ намудааст. Ин ваксина сифати баланд дошта, безарар мебошад»,-гуфт Х.Назаров.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






