Вазифаҳои нави Бонки миллии Тоҷикистон
Душанбе, 25.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Минбаъд Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ шароити беҳтар фароҳам меорад. Дар робита ба ин 25 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Абдуҷаббор Ширинов-раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои «Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010-2015» оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрсониҳои низоми бонкӣ, инчунин ба қонунгузории ҷорӣ мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Тибқи лоиҳа ба қисми якуми моддаи 6-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» илова ворид гардида, он ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор намудани вазифаи нав -ташкили шароити мусоид барои ҳимояи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкиро пешбинӣ менамояд. Дар ин самт аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, ки таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, баррасии арзу шикояти муштариён нисбат ба амалҳои ташкилотҳои қарзӣ ва андешидани чораҳо ҳангоми вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ аз ҳамин қабиланд.
Исмоил Талбаков- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи ин қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон пешниҳод шудааст ва ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ бинобар начандон баланд будани сатҳи дониши молиявии онҳост. Исмоил Талбаков афзуд, ки солҳои охир шумораи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар кишвар афзоиш меёбад, ки он падидаи нек дар низоми бонкию қарзист ва дар ин самт саводнокии хизматрасониҳои бонкӣ беҳбудиро талаб менамояд. Инчунин, ба қисми се моддаи 48 лоиҳаи қонун тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки тибқи он барои халалдор сохтани манфиатҳои истеъмолкунандагони низоми бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои фаврӣ ва таъсиррасонро меандешад.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






