Вазифаҳои нави Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 25, 2014 14:13

 Душанбе, 25.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Минбаъд Бонки миллии Тоҷикистон барои  ҳимояи манфиатҳои  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои  низоми бонкӣ шароити беҳтар фароҳам меорад. Дар робита ба ин 25 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Абдуҷаббор Ширинов-раиси Бонки миллии  Тоҷикистон дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои «Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010-2015» оид  ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрсониҳои  низоми  бонкӣ, инчунин ба қонунгузории ҷорӣ мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Тибқи лоиҳа  ба  қисми якуми моддаи 6-и  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»  илова ворид гардида, он  ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор намудани  вазифаи нав -ташкили шароити мусоид барои ҳимояи  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкиро пешбинӣ менамояд.  Дар ин самт аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, ки таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, баррасии арзу шикояти  муштариён нисбат ба амалҳои  ташкилотҳои қарзӣ ва андешидани  чораҳо ҳангоми вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ аз ҳамин қабиланд.  
              Исмоил Талбаков- узви Кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи ин қонун аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон пешниҳод шудааст ва ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони  хизматрасониҳои  низоми бонкӣ бинобар начандон баланд будани сатҳи дониши молиявии онҳост. Исмоил Талбаков афзуд, ки солҳои охир шумораи  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар кишвар афзоиш меёбад, ки он падидаи нек дар низоми бонкию қарзист ва дар ин самт саводнокии хизматрасониҳои бонкӣ беҳбудиро талаб менамояд. Инчунин, ба қисми се моддаи 48 лоиҳаи қонун тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки тибқи он барои  халалдор сохтани  манфиатҳои истеъмолкунандагони низоми бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои фаврӣ ва таъсиррасонро меандешад.

Июнь 25, 2014 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!