ВКД ҳодисаҳои 10 июнро ҳамаҷониба месанҷад
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бо супориши вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ҳодисаи рӯзи 10 июни соли 2014 дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон рухдода гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Сомонаи расмии ВКД иттилоъ медиҳад, ки санҷиши ҳодисаи мазкур таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои дохилӣ Искандар Солеҳзода идома дорад.Ҳамчунин, оид ба ҳодисаи дар назди Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 10 июни соли равон ба вуқӯъ пайваст, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом таъсис дода шуда, он низ ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






