Вохӯрии С.Аслов бо Я.Ҳерман
Душанбе, 10.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 9 июни соли 2014 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Янош Ҳерман баргузор гардид.Зимни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳо барои солҳои 2014-2020 баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи бештар ба мавзӯҳои таҳкими амнияти сарҳадӣ, идораи захираҳои об, энергетика ва муҳити зист, татбиқи минбаъдаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҷалби Афғонистон зоҳир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






