Восеъ: пешгирии ҳолатҳои сӯхтор
Восеъ, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Масъулини ӄисми мустаӄили 41-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Восеъ баҳри беҳбудии ҳолати бехатарии зиддисӯхтории иншоотҳои хоҷагии халқ, манзилҳои истиқоматӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва молу мулки давлатию ҷамъиятӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Ба қавли сардори хадамоти мазкур Ҳоким Назаров дар ин давом дар ноҳия 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 20 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин кормандони қисм ҳолати бехатарии зиддисӯхтории 633 иншоотро мукаммал ва 380 иншоотро такрорӣ санҷида, фаъолияти 201 нуқтаи барқӣ ва 144 печро муваққатан манъ намуданд. Зимни 32 рейди муштарак дар ноҳия ҳолати бехатарии зиддисӯхтории бозору марказҳои савдои ноҳия, нуқтаҳои истифодаи сӯзишворӣ, муассисаҳои таълимӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон санҷида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






