Вожаи дил дар эҷодиёти Ҳофиз чиро ифода мекунад?
Душанбе, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили 5-уми «Ҳофизхонӣ» бо аҳли дӯстдорони илму адаб баргузор гардид. Маҳфил бо ғазали “Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, худоро…” оғоз гардид. Баъдан шоир Аскар Ҳаким, ки роҳбарии ин маҳфилро бар уҳда дорад ба таҳлили ин абёт шурӯъ карда, афзуд, калимаи дил вожаи муҳим аст дар ғазалҳои Ҳофиз ва дар шеъри ирфонӣ Ҳофиз ду чизро дар назар дорад-сукр ва саҳв, яъне ишқ ва бедорӣ ва ин ғазал аз 13 байт иборат аст. Дар ҷамъомад адабиётшиносон, меҳмонони маҳфил оид ба ин ғазал фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Ҳофизхонӣ» бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон моҳе ду маротиба гузаронида шуда, дӯстдорони аҳли адаб ва каломи бадеъро ҷамъ меорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






