Вусъати ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Покистон

Июнь 16, 2014 16:01

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Косим).- «Ҷумҳурии Исломии Покистон шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар минтақа буда, сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии саъю талоши ҷонибҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунсамти дуҷониба ба ҳисоб меравад», — таъкид намуд имрӯз зимни нишасти хабарӣ сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Абдулфайз Атоев .
Аз 17 то 18 июни соли 2014 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сурат мегирад. Барномаи ин сафар, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, вохӯрии ҳайатҳои васеи ду кишвар ва имзои як силсила санадҳои дуҷонибаро дар бар мегирад.
Инчунин дар доираи ин сафар Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни соли 1992 барқарор гардидаанд.
Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки соли 1993 Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.  Алҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн Сиал мебошад. Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон фаъолияти худро оғоз намуда, соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар расман ифтитоҳ гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов мебошад.
Дар айни замон пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро  қариб 40 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, ташкил менамояд.
Табодули молӣ байни ду кишвар дар соли 2013 ба 84,1 млн доллари ИМА расид, ки аз он содирот 19,9 млн доллари ИМА ва воридот 64,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳамкориҳои сиёсӣ миёни ду кишвар бар мабнои асосҳои якдигарфаҳмӣ, баробарӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллии тарафайн ба роҳ монда шудаанд. Раванди муносибатҳои сиёсии дуҷониба мусбат арзёбӣ мегардад ва тамосҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар аз он далолат мекунанд. Ҳамин тариқ, тайи 22 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар 4 маротиба сафарҳои расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (солҳои 1994, 1996, 1997 ва 2011) сурат гирифтаанд ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон  3 маротиба бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон (солҳои 2002, 2009 ва 2012) ташриф овардааст.
Инчунин ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар, сафарҳои тарафайни гурӯҳҳои парлумонии ду кишвар низ хуб роҳандозӣ гардидаанд, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мунтазам доир мегарданд.
Дар чорчӯби ҳамкориҳои сиёсии дуҷониба 11 январи соли 2013 машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, ки дар интиҳои он нишаст «Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2013-2016» ба имзо расид.
Бояд зикр кард, ки мавқеи ду кишвар нисбат ба бисёр масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик ва ё яксон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар дигар сатҳҳо низ тамоси мунтазамро барқарор кардаанд, инчунин дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сол аз сол рушду тавсеа ёфта, сатҳи сифатан навро касб кардаанд. Дар ин миён, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ш. Душанбе ду маротиба Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Покистон (солҳои 2010 ва 2011), ки дар он теъдоди зиёди соҳибкорони Покистон ширкат варзиданд, баргузор гашт ва ин чорабиниҳо заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни ду кишвар гузошт.
Барои боз ҳам вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ таъсис дода шудааст ва то ба имрӯз 4 ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор гаштааст.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ яке самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, сафарҳои тарафайни ҳайатҳои баландпояи низомии ду кишвар мунтазам доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
 
 

Июнь 16, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд