Вусъати ободкорӣ дар доираи соли роҳҳои обод

Июнь 19, 2014 16:44

 Хуҷанд, 19.06.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуахад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд дар доираи «Соли 2014 — соли роҳҳои обод»  таъмиру мумфаршкунии  роҳҳо низ идома дорад.  Раванди ин кор хусусан дар шаҳри Хуҷанд торафт вусъат мегирад.  Имрӯзҳо корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо»-и маркази вилоят, ки дарозиаш як километр буда, ду маҳаллаҳои шаҳр — 31-ум ва 32-юмро мепайвандад, босуръат идома дорад. Алъон дар шаҳри Хуҷанд дар як вақт дар 8 кӯчаю маҳалла корҳои таъмиру асфалтхобонӣ ҷараён доранд.
Соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тасмим гирифтааст, ки 116 километр роҳи асосӣ ва дохилии шаҳрро аз таъмиру мумфаршкунии куллӣ барорад.
То охири даҳаи аввали моҳи июн дар миқёси шаҳри Хуҷанд аз тарафи Корхонаи давлатии истифодаи роҳҳои шаҳр ба масоҳати 5884м2 роҳҳои кӯчаҳои шаҳр аз таъмир ва мумфаршкунии куллӣ бароварда шуда, ба миқдори 708,3 тонна асфалт хобонида шуд. Дар натиҷа анқариб 15 кӯчаи шаҳр аз таъмири ҷорӣ ва мумфаршкунии куллӣ бароварда шудааст. 
 
 

Июнь 19, 2014 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд